Раёсати бозрасии давлатии автомобилии
Вазорати корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърих ва фаъолияти Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии «Шаҳри бехатар»-и РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

        Бо тақозои замон рӯз аз рӯз техникаҳои замонавӣ тараққӣ ёфта, дар пешбурди фаъолияти ҳар як соҳаҳо технологияҳои нав ба нав ба роҳ монда шуда истодааст.

Дар шароити дастрасии технологияҳои нави коммуникатсионӣ зарурият пеш омад, ки маҷмааи таҷҳизоти барномавӣ барои ба таври худкор, бақайд гирифтани вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва назорати тартиботи ҷамъиятӣ амалӣ карда шавад.

Бо ин мақсад дар асоси дархости Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ширкати «Хуавей»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой лоиҳаи «Низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»» коркард шуд.

06012024 01

        Татбиқи лоиҳаи  «Низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе ҷиҳати бартарафсозии маҷмӯи мушкилот дар раванди беҳдошти ташкили ҳаракат дар роҳ, назорати доимӣ аз рӯи ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаю хиёбонҳои мошингард ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе мусоидат кард.

         22 декабри соли 2012 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Хуавей»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой Созишномаи тарафайн доир ба «Низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»» дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуд. Бо супориши Роҳбари давлат Созишномаи номбурдаро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба имзо расонид.

Маблағи умумии Лоиҳа 22.000.000 (бисту ду миллион доллари ШМА)-ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 17963869 доллар ШМА (ҳабдаҳ миллону нӯҳсаду шасту се ҳазору ҳаштсаду шасту нӯҳ доллари ШМА)-ро арзиши таҷҳизотҳо ва 4036130 (чор миллону сию шаш ҳазору яксаду си доллари ШМА)-ро иҷроиши корҳои сохтмонию хизматрасонӣ, аз он ҷумла хизматрасониҳои муҳандисӣ, хизматрасониҳо оид ба идоракунии система, тайёркунии кадрҳо, хизматрасонии кафолатноки техникӣ ташкил медиҳад.

Лоиҳаи «Шаҳри бехатар» аз 6 қисмат, Маркази идоракунӣ, маҷмааҳои электронии танзими ҳаракат дар роҳ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, назорати иншоотҳои чароғакҳои роҳнамо, назорати ҳаракат ва  назорати видеоӣ иборат мебошад.

Тибқи ин Созишнома сохтмони марҳиллаи аввали лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ба итмом расида санаи 31-уми октябри соли 2013 бо ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати корҳои дохилӣ боз як маҷмааи нави замонавӣ Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодабарӣ супорида шуд ва аз рӯзи 1-уми ноябри соли 2013 Маркази мазкур фаъолияти худро оғоз намуд.

         Фаъолияти Марказ ин назоратбарии иштирокчиёни ҳаракат ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳу хиёбон ва кӯчаҳои шаҳр тариқи камераҳои банаворгирӣ ва мушоҳидакунии политсияи электронӣ мебошад.

       Дар марҳиллаи якум дар 20 чорроҳаҳо, яъне аз хиёбони Рӯдакӣ кӯчаи Амиршоев то Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе (чорроҳаи кӯчаҳои Аҳмади Дониш-Титов) камераҳои назоратии банаворгирию мушоҳидавии (Е-рolis) политсияи электронӣ васлу насб карда шуда, иштирокчиёни ҳаракатро дар кӯчаю роҳҳо назорат мебарад, қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳро ба таври худкор (автоматикӣ) мушоҳида менамояд ва ҳолати қоидавайронкуниро бо зайли аксбардорӣ дар барномаи Е-полис ба қайд мегирад.

Камераҳои мушоҳидавии политсияи электронӣ дар асоси нурҳои сурхи ултрабунафш (инфракрасные лучи) фаъолият намуда, ба таври худкор, яъне автоматӣ қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳи зер кардани хатҳои уфуқии «Ист», убур намудани хатҳои «яклӯхти якқатора ё дуқатора», «Гузаргоҳи пиёдагард» (Зебраҳо), манёвркунии воситаҳои нақлиёт ва баромадани он ба самти муқобили ҳаракат, инчунин гузаштани чорроҳаҳо дар чароғаки сурхи роҳнамо ба қайд гирифта мешавад.

 Дар 70 чорроҳаҳои шаҳри Душанбе таҷҳизоти электронӣ бо насби 117 адад камераҳои назоратӣ, 68 адад камераҳои мушоҳидавӣ ва 68 адад камераҳои аксбардорӣ барои ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон гузошта шудааст. Тариқи маҷмааи мазкур қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла гузариши воситаи нақлиёт дар чароғаки сурх аксабардорӣ шуда, аломати қайди давлатии воситаи нақлиёт, инчунин вақт ва ҷойи ошкор намудани қоидавайронкунӣ, самти ҳаракати воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, дар барномаи маълумотҳои иттилоотии сервери Е-полиси Маркази идоракунӣ ҷойгир карда мешавад ва минбаъд аз рӯи ин маълумотҳо чораҷӯӣ карда мешавад.

       Далелҳои ба акс бардошташуда дар свичи Е-полис ҷамъ оварда шуда, тариқи ноқилҳои нахи нурӣ ба бойгонии серверҳои Е-полиси Марказ ворид мегардад ва дар барномаи иттилоотии Марказ захира мешавад. Далелҳои ҷамъовардашуда аз тарафи операторони Марказ АУДИТОР, яъне коркард шуда, маълумотҳои тоза ба шуъбачаи амалияи маъмурии марказ пешниҳод мегардад.         

             Аз тарафи кормандони шуъбачаи амалияи маъмурии Марказ аксҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ҳамчун далелҳои шайъӣ аз чоп бароварда, дар асоси моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд ва амрномаҳо оид ба таъйини ҷаримаи маъмурӣ ба суроғаҳои манзили зистӣ ронандагон тариқи КВД «Почтаи Тоҷик» дастрас карда мешаванд. Амрнома мутобиқи қисми 3 моддаи 87 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 27 июни соли 2013 тасдиқ гардида аз чоп бароварда шудааст, пешбинӣ гардидааст. Доир ба ин ронандагони даъватшуда ҳангоми ҳолатҳои бебаҳс ҷаримаҳои таъингардидаро дар хазинаҳои бонки амонатӣ  супорида, (расид) варақаи пардохтро ба бозраси амалияи маъмурии Марказ пешниҳод менамоянд. Дар ҳолатҳои баҳснок ронандагони даъватшуда тариқи мониторҳои амалияи маъмурӣ қоидавайронкуниҳои бақайд гирифташударо аз назар гузаронида, мувофиқи далелҳои исботгардида амал менамоянд. Агар ронанда дар ҳаракатҳояш надоштани қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳро исбот намояд, он гоҳ аз тарафи масъулини Марказ ҷаримабандӣ бекор карда мешавад.

         Тибқи лоиҳаи «Низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»» насб намудани 855 адад камераҳои назоратии банаворгирӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз он дар ҷойҳои ҷамъиятии боғи ба номи устод Рӯдакӣ 11 адад, Китобхонаи миллӣ 5 адад, мавзеъҳои «Парчами давлатӣ» 5 адад, «Нишони давлатӣ» 3 адад, майдони «800 солагии Москва» 1 адад ва Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе бошад 4 адад, ҷамъ 29 адад камераҳои назоратии тобхуранда насб карда шудааст. Инчунин дар 20 чорроҳаҳои дар марҳиллаи аввал ба истифода супоридашуда камераҳои самтӣ ва 20 адад камераҳои функсияи зиёддоштаи дар 360 градус даврзананда насб карда шудааст, ки тариқи ин камераҳо баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкунию қоидавайронкуниҳо дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаю хиёбонҳо назорат бурда мешаванд.

       Дар Вазорати корҳои дохилӣ бинои Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятӣ сохта ба истифодабарӣ супорида шудааст, ки он аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар таҳхона серверҳо ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаи якум толори назоратӣ мавҷуд буда, дар он 21 маҷмӯъ компютерҳо ва 21 адад мониторҳои калон (ДЛП) ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаи дуввум бошад маҷлисгоҳ мавҷуд буда, дар он 25 ҷои нишаст бо 25 маҷмӯъ компютерҳо ва як адад монитори калон муҷаҳазонида шудааст.

           Чароғакҳои роҳнамои чорроҳаҳо ба чароғакҳои замонавии аз Марказ идорашаванда (161 адад чароғак барои нақлиёт ва 137 адад чароғак барои пиёдагардон) иваз карда шудаанд, ки дар онҳо вақтсанҷакҳои баръакс насб карда шуда, ба ронандагону пиёдагардон иттилооти қулай барои риоя намудани қоидаи гузаштани чорроҳаҳо, мебошад. Дар ин чароғакҳо барномаҳои «мавҷи сабз», «зарди чашмакзананда» ва додани афзалият ба воситаҳои нақлиёт (ручной управление светафором) барномасозӣ карда шудааст.

 

         Бояд қайд кард, ки аз рӯзи оғоз ёфтани фаъолияти Маркази идоракунии «Шаҳри бехатар» проблемаҳои баҳсии ронандагон ҳангоми рух додани садамаҳои нақлиётӣ ҳалли худро ёфтааст. Лаҳзаҳои ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои нақлиётӣ тариқи сабти наворҳо баррасӣ гашта, ронандаи ба содиршавии садама гунаҳкор муайян карда мешавад.

          Ҳамкорӣ байни Маркази идоракунӣ ва нуқтаҳои муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ, бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ, инчунин шуъбачаҳои амалия-маъмурии Шуъбаҳои бозрасии давлатии автомобилии мақомоти вазорати корҳои дохилии вилояту шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати муайян намудани соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки бо воситаи нақлиёти ба онҳо тааллуқдошта дар барномаи маълумотҳои иттилоотии сервери Е-полиси марказ ба қайд гирифта шудааст ва иҷрои Амрнома оид ба таъйини ҷаримаи маъмурӣ ба роҳ монда шудааст. 

          Харитаи электронии шаҳри Душанбе аз тарафи мутахассисони ширкати «Хуавей» тайёр карда шудааст, ки тариқи он ҷойгиршавии иншоотҳо муайян мегардад.

          Мувофиқи нақшаи бамувофиқарасонидашудаи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар марҳиллаи дуюм дар 51 чорроҳаҳои асосии шаҳри Душанбе насб намудани камераҳои банаворгирию мушоҳидакунии политсияи электронӣ, чароғакҳои нави диодӣ ба нақша гирифта шуда, санаи аз 2 то 15 июни соли 2014 аз 51 иншоот дар 50 тоаш корҳои сохтмонӣ, васлу насби таҷҳизотҳои лоиҳавӣ ба итмом расонида шуда, бо Маркази идоракунӣ пайваст карда шуданд. Дар ин чорроҳаҳо 183 адад камераҳои самтӣ, 51 адад камераҳои назоратии тобхуранда, 176 адад камераҳои мушоҳидавӣ ва 176 адад камераҳои аксбардорӣ, 477 адад чароғакҳои роҳнамои нақлиётӣ ва 404 адад чароғакҳо барои пиёдагардон, инчунин 165 адад чароғакҳои сексияи иловагӣ насб карда шуданд. Айни замон 70 чорроҳаҳои хиёбон ва кӯчаҳои шаҳри Душанбе тариқи камераҳои Марказ таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

          Инчунин дар 12 нуқтаҳои роҳҳои даромад ва баромад ба шаҳри Душанбе гузоштани камераҳои махсус ба нақша гирифта ҷойҳояшон муайян карда шудааст, ки тариқи ин камераҳо воситаҳои нақлиёти дар кофтуков қарордошта муайян карда мешавад. Айни замон дар 10 нуқтаҳо сутун ва таҷҳизотҳои махсуси «Боздошт» насб карда шуда, васлкунии ноқилҳои барқӣ ва нахӣ нурӣ идома дорад.

        100 адад воситаҳои нақлиёти махсус бо GPS таҷҳизонида мешаванд, ки дар харитаи электронии ҳудуди шаҳри Душанбе ҷои хизматбарии ин воситаҳои нақлиётӣ муайян мегардад.