Конфреренсия дар мавзӯи «Ташаккули дониш ва таҳкими малакаи амалии кӯдакон оид ба бехатрии ҳаракат дар роҳ»
Омӯзиши «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» ва таҳкими малакаи риояи бехатарии ҳаракат аз синни барвақтӣ боиси он мегардад, ки дар байни аҳли ҷомеа ва иштирокдорони ҳаракт дар роҳ низому тартибот бештар риоя гардад ва садамаҳои автомобилӣ камтар гарданд.
Конфронси илмӣ-амалии байнидавлатие, ки бо ташаббӯси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми июли соли 2025 дар қароргоҳи Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид, ба «Ташаккули дониш ва таҳкими малакаи амалии кӯдакон оид ба бехатрии ҳаракат дар роҳ» бахшида шуда буд.
Дар он намояндагони Вазоратҳои корҳои дохилии 8 давлати узви ИДМ – Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Беларус, инчунин Туркманистон ба ҳайси нозир, ширкат намуданд. Ин чорабинӣ дар ҳошияи Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатхои аъзои ИДМ баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс оғоз намуда, ҳайати меҳмононро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ташриф ва ҷонибдории барномаи конфронс хайра мақдам гуфт. Нотиқ таъкид намуд, ки чорабинии имрӯза ва ҷараёни “Озмуни байналмилалии Нозирони навраси ҳаракат” баҳри боз ҳам беҳтар гаштани робитаи дӯстӣ, табодули таҷриба байни сохторҳои салоҳиятдор, огаҳӣ ёфтан аз навигариҳои техникӣ ва фаъолияти амалӣ ва бехатарии ҳаракат дар роҳ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида мешавад.
Дар конференсия муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави ИДМ, генерал – майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ суханронӣ карда чорабиниро қадами устувор дар самти пешгири аз ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки кӯдакон унвон кард.
Мушовири Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал – майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич ҳамчун модератор иштирокчиёни конференсияро муаррифӣ ва бо навбат намояндагони давлатҳоро ба суханронӣ ва баррасии мавзӯи баррасишаванда ҷалб намуд.
Дар конференсия аз ҷониби мутахассисони самти бехатарии ҳаракат дар роҳ, пажуҳишгарон, тадқиқотчиён, олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва кормандони амалии самти бозрасии давлатии автомобилӣ 10 маърӯза пешниҳод гардид.
Аз ҷумла, муовини якуми сардори Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Вайсзода Бахтиёр Шарифбег дар мавзӯи “Таҷрибаи амалӣ дар ташаккули дониш ва малакаи амалии кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ”, муовини сардори Хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳи Депортаменти бехатарии ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон подполковник Кравченко Станислав Владимирович дар мавзӯи «Таҷрибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ташаккули дониш ва малакаи амалии кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ», муовини сардори Маркази тадқиқотӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳи ВКД Федератсияи Россия, номзади илмҳои биологӣ, подполковники политсия Прохоровна Анна Махмутовна дар мавзӯи “Пешгирии ҷароҳатбардории кӯдакон дар ҳодисаҳои роҳу наҷлиёт, ҳамчун унсури сиёсати давлатӣ”, сардори Сарраёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Беларус Ротченков Виктор Иванович, муовини сардори Сарраёсат оид ба таъмини ҳаракат дар роҳи ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон подполковники милитсия Джумагулов Айбек Рысқулович, муовини сардори Сарраёсати давлатии полтсияи роҳи Ҷумҳурии Озорбойҷон полковники политсия Гулиев Руфат Рагим оғлы дар мавзӯи “Ташаккули дониш ва малакаи амалии кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ”, директори ҶДММ “Насли дигар” Ҷун Ҷай Ҳо дар мавзӯи “Татбиқи интелекти сунъӣ дар фаъолияти БДА вобаста ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ”, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба травмотология ва ортопедия, доктори илмҳои тиб, профессор Қурбонов Саидбилол Хушвахтович дар мавзӯи “Асосҳои психологии пешгирии ҷароҳатбардории кӯдакон дар ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ” ва сардори Факултети №4 Академияи ВКД номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ полковники милитсия Ғафурӣ Меҳриддин Садриддинзода дар мавзӯи “Асосҳои назариявии ташаккули дониш ва малакаи амалии кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ” баромад намуданд.
Ҳар нотиқ таъмини бехатарии ҳаёту саломатии кӯдакон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро муҳим арзёбӣ намуда, онро самти афзалиятноки фаъолият барои хадамотҳои таъминкунандаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ шуморида, истифода аз тадқиқотҳои илмӣ таҳлилу баҳогузорӣ ва роҳҳои пешгирикунандаро аз таҷрибаи фаъолияти амалии давлати худ пешниҳод намуданд. Иштирокчиёни конференсия фаъолона ба музокира ҳамроҳ шуда, аз ҳамкасбони худ посухҳои мушахас гирифтанд.
Кумитаи тадорукоти чорабинӣ, ки роҳбарияшро ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт, пешниҳод кард, ки маърӯзаҳо дар шакли чопӣ дастраси мақомотҳои таъминкунандаи бехатарии ҳаракат дар роҳ гардад. Ин пешниҳод аз тарафи намояндагони давлатҳои иштирок дошата якдилона пазируфта шуд.
Қобили қайд аст, ки дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони ВАО дохилӣ ва хориҷӣ иштирок доштанд.




































Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»



