Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ дар РВКД вилояти Хатлон
5-уми октябри соли 2023, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафар намуда, ба бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони милитсия дар шаҳри Бохтар санги асос гузошт.
Ҳамчунин дар шаҳри Левакант дар расми оғози корҳои сохтмонии бинои баландошёна барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуда, барои сари вақт ва дар муҳлати муайянгардида ба итмом расонидани сохтмон дастуру супоришҳои мушаххас дода, зикр намуд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Ҳамзамон Вазири корҳои дохилӣ аз қисми низомии 3503 Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дидан намуда, бо шароити хизмативу маишии афсарону сарбозон, аз он ҷумла, аз хобгоҳ (казарма), ошхона, ҳаммом ва дигар корҳои ободонию созандагӣ аз наздик шиносоӣ пайдо кард.
Мавсуф доир ба тарбияи сарбозон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ёдовар гардида, таъкид дошт, ки сарбозон бояд ба тарбияи ҷисмонӣ ва обутоби бадан диққати махсус дода, пайваста ба машқу тамрин машғул шаванд ва касбу ҳунар омӯзанд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия