Раёсати бозрасии давлатии автомобилии
Вазорати корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар

5-уми октябри соли 2023, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ХундайПортер», Қодиров Рустамҷон Сулаймонович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Шодоба ба самти деҳаи Марҳамат, дар ҳудуди деҳаи Гулшан ба дучархаи “Скутер” таҳти идораи, Ҷӯраев Асатбек Давронович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.

Дар натиҷа, Ҷӯраев А.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
6-уми октябри соли 2023, тахминан соати 01:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Ҳасанов Муродали Сафарбекович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канали обгузари канори роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, Шамаев Аҳлиддин Шералиевич, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
6-уми октябри соли 2023, тахминан соати 01:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Камри”, Муродолиев Муҳаммад Субонқулович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори хонаи истиқоматӣ бархӯрда, автомашинаро чаппа кардааст.
Дар натиҷа, худи ронанда, Муродалиев М.С. ва мусофираш Холмуминов Фарух Умарович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур, Чориев Амонулло Урозович, соли таваллудаш 1990 ва Муродалиев Ёқуб Қудратович, соли таваллудаш 1991, сокинони ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.