Абдураҳмонзода Миралӣ Сайраҳим
Сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардори Раёсат: Абдураҳмонзода Миралӣ Сайраҳим полковники милитсия, санаи таваллудаш 24-уми марти соли 1987, миллаташ тоҷик, соли 2010 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016 Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон, соли 2019 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2022 факултети идоракунии №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз моҳи августи соли 2006.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ва кору фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, шунавандаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд дар вазифаҳои ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ваколатдори калони оперативии шуъбаҳои Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозири калони Шуъбаи корҳои раводидӣ ва бақайдгирии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Шуъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ дар шаҳри Душанбеи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Шуъбаи раводид ва бақайдгирии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбачаи имтиҳонотии Шуъбаи бақайдгирии имтиҳонотии Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори ШБДА РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият намудааст.
Абдураҳмонзода Миралӣ Сайраҳим 22-юми апрели соли 2025 ба вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ дар фаъолияти хизматӣ бо як қатор медалу нишонаҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаву Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.




































Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»



