Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо варзишгарони ҷавон
5-уми августи соли 2023, Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо мураббӣ ва варзишгарони тими дастаи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ вохӯрӣ доир намуд.
Мавриди қайд аст, ки таҳти роҳбарии мураббӣ Мирзоев Раҳмат, варзишгарони шиновар Алиев Билол, Шокиров Некрӯз ва Гадиятуллин Богдан дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки аз 7-ум то 14-уми августи соли 2023 дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Белорусия баргузор мегардад, иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти варзиши шиноварӣ муаррифӣ хоҳанд намуд.
Бояд тазаккур дод, ки ба барномаи Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 20 намуди варзиш шомил буда, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 132 нафар аз рӯи 13 намуди варзиш ширкат меварзанд.
Гул Маҳбуба




































Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»



