Раёсати бозрасии давлатии автомобилии
Вазорати корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Озмуни байналмилалии нозирони навраси ҳаракат” дар Тоыикистон

Рӯзи 16 июл дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдулло Рӯдакии шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии “Озмуни байналмилалии Нозирони навраси ҳаракат” бо иштироки дастаҳои иштирокчӣ аз 7 давлати аъзои ИДМ Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Озарбойҷон ва Беларус баргузор гашт. Доираи васеъи тарғиботчиёни наврас, наврасон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва намояндагони ташкилоту муассисисаҳои дар тарбияи наврасон манфиатдор дар чорабинӣ иштирок доштанд.
Дар оғоз муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс чорабинии сатҳи байналмилалиро, ки бо ташабуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст, омили муҳим ҷиҳати тарбияи ҳуқуқии наврасон дар самти риоя ва омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва барқарорсозии дустӣ байни онҳо унвон карда, ба аъзоёни дастаҳо иштироки бомувафақият таманно намуд. Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба хусус кӯдакону наврасон чораҳои зарӯрии беҳдоштию муҳофизатиро андешида ҳаёту саломатии ҳар як шаҳрвандро ҳифз менамояд.

Дар идома намояндагони дастаҳои иштирокчӣ аз давлатҳои ҳамсоя ба сухан баромада ҷиҳати фароҳамсозии шароити созгор баҳри гузаронидани озмӯн, ки дар баланд бардоштани маънавиёти наврасон мусоидат мекунад изҳори миннатдорӣ намуданд. Сипас 7 дастаи иштирокчии Нозирони навраси ҳаракат бо навбат ба саҳна баромада бо гашти низомӣ ва иҷрои ҳаракатҳои хоси ҳарбӣ омодагии худро ҷиҳати иштирок дар озмун нишон доданд.

Аз тарафи кумитаи тадорукоти озмун баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи фарҳангии таҷассумкунандаи рафоқату дустӣ, амнияту осоиштагӣ бо пешниҳоди намуна аз фарҳанг ва урфу одатии миллатҳои ба ҳам дусти ИДМ намоиш дода шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки озмуни мазкур Слёти III байнидавлатии Нозирони навраси ҳаракати давлатхои аъзои ИДМ мебошад, ки аз 15 то 20 июли соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор мегардад. Беҳдошти  корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар байни ноболиғон, омӯзиши ҳарчи бештари Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бархурдории наврасон аз он ҳадафи асосии чорабинӣ мебошад.
Аъзоёни дастаҳо байни ҳам аз рӯи намудҳои «Азназаргузаронии сафороӣ», «Донишмандони ҚҲР», «Чархи амонӣ», «Танзимгари наврас», «Дастаи ман», «Гурӯҳҳои ташвиқотӣ», «Пурдонҳо» ва «Тарғибгари наврас»  қувваозмоӣ намуданд.

Дар ҷамъбаст дастаи Беларус сазовори ҷои аввал гардид. Дастаҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон се ҷои дуюмро  ва дастаҳои Тоҷикистон , Қирғизистон ва  Озарбойҷон се ҷои сеюмро бо ҳам диданд.


99
9
9
9