Раёсати бозрасии давлатии автомобилии
Вазорати корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дониш талабу бузургӣ омӯз

1-уми сентябр дар Академияи ВКД вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати шахсӣ, курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД ва Муассисаи давлатии Коллеҷи милитсияи ВКД доир гардид.

191

Вазири корҳои дохилӣ нахуст устодону курсантон ва шунавандагонро бо Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ табрик намуда, барояшон муваффақияту барор ва баҳрашон дар омӯзиши илму дониш пешравӣ орзу намуд.

192

Вазири корҳои дохилӣ аз иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ёдоварӣ намуда, зикр намуд, ки ҳамасола бо дарси сулҳ оғоз намудани Соли нави хониш анъанаи нек аст, чунки ҷумҳурии мо дар арсаи ҷаҳон чун давлати сулҳҷӯву сулҳхоҳ шинохта шудааст.

193

194195

Мавсуф аз суханронии Пешвои миллат иқтибос овард, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бештар тааллуқ дошт: «Тайи даҳсолаҳои охир, яъне охири асри 20 ва оғози садсолаи 21-ум вазъи сайёра бар асари талоши абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бисёр ҳассосу ноором гардид.

Вазири корҳои дохилӣ дар идома иброз дошт, ки имрӯзҳо талабот ба омӯзиши илмҳои замон, забонҳои хориҷӣ ва мутахассиси донандаи техника ва технологияи ҳозиразамон бештар гардидааст. Аз ин рӯ, Роҳбари давлат бо ташкил ва баргузории озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва таъкиди пайваста дар бораи забономӯзӣ хоҳони баланд бардоштани малакаи касбии кормандони касбу кори гуногун ва омӯзиши бештари донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Хушбахтона, бо дастгирии Сарвари давлат дар Вазорати корҳои дохилӣ муассисаҳои пешрафтаи таълимӣ Академияи ВКД, Коллеҷи милитсия, Коллеҷи техникӣ-оташнишонӣ фаъолият мебаранд. Имрӯзҳо барои таҳлили муҳассилини ин муассисаҳои таълимӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Танҳо аз Шумо талаб карда мешавад, ки пайваста пайи омӯзиши илму дониш шаванд ва ба Ватан содиқ бошанд. Ҳамзамон, курсантонро мембояд, ки аз ҷаҳони имрӯз воқиф буда, ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, гуфт Роҳбари аввали ВКД.

Дар охир чанд нафар устодону курсантон суханронӣ намуда, миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода барои муҳайё намудани шароити зарурии илмомӯзӣ ва дастгирии пайвастаи ҷавонон расониданд.

Наврӯз Ҷобиров