Дар ҷамъомади тантанавӣ кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ қадрдонӣ гардиданд
12-уми сентябри соли 2023, дар толори асосии Вазорати корҳои дохилӣ зимни ҷамъомади тантанавӣ, бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандзаноне, ки дар паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд, аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қадрдонӣ карда шуданд.
Ҷамъомади тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Вазири корҳои дохилӣ ба ҳамаи кормандзанони Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он барои иштироки фаъолона дар паради ҳарбӣ ва хизмати содиқонаю софдилона изҳори миннатдории самимӣ намуда, зикр кард, ки мо аз он ифтихор менамоем, ки занон дар баробари мардон тамоми кӯшишу заҳмати хешро барои пешрафти кори милитсия сарф намуда, ҳамарӯза дар фаъолияти худ, садоқат, самимият ва масъулияти худро нишон медиҳанд.
Боло бурдани мақому мартабаи зан, ки пайваста дар суханрониҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд садо медиҳад, нишони таваҷҷӯҳ ва эътибори ҷиддӣ додан ба занон, ба ҳисоб меравад.
Сипас, дар фазои идона аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба кормандзаноне, ки дар паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда буданд, тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Дар хотимаи ҷамъомади тантанавӣ якчанд нафар бонувон кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ба сухан баромада, барои таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Гул Маҳбуба




































Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»



