Раёсати бозрасии давлатии автомобилии
Вазорати корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳабси маъмурӣ барои халалдор намудани оромии шаҳрвандон

999

17 июни соли 2024, тахминан соатҳои 21:00 ба 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107», рақами қайди давлатиаш 0777 ВН 10 Аҳмадов Исроил Ибрагимович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Ваҳдат, муваққатан бекор, дар кӯчаи Аҳрории назди майдони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе аз ҷойи исташ автомашинаашро яку якбора бо суръати баланд ба ҳаракат дароварда, ба истилоҳ "дриф" дода, бо ҳаракатҳои бетартибона оромии шаҳрвандонро халалдор намудааст.
Баъд аз муроҷиати шаҳрвандон автомашинаи мазкур ба ҷаримагоҳи Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дастрас гардида, нисбати ронанда маводи маъмурӣ тартиб дода шуд.
19 июни соли 2024 бо қарори Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе нисбати ронандаи мазкур барои чунин кирдораш ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.