Ҳалокати як зани ронанда ва мусофираш дар ҳодисаи нақлиётӣ
29-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванте”, Нуриддинова Муаззама Исмаиловна, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, дар километри 66-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар нишебии канори роҳ дар масоҳати 600 метр чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Нуриддинова М.И. ва мусофираш Отабоева Рухшона Азимҷоновна, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигар автомашинаи мазкур Нуриддинова Малика Исмаиловна, соли таваллудаш 1984 ва ноболиғ Мамадҷонова Асила Муҳаммадҷоновна, соли таваллудаш 2011, сокинони ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.