Раёсати бозрасии давлатии автомобилии
Вазорати корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагардон дар натиҷаи садамаҳои наклиётии марговар

4-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 08:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Долун», Қараев Орзу Сафармаҳмадович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Саригузари шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Ҷабборзода Нозанин Манучеҳр, соли таваллудаш 2022, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Ҷабборзода Н.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

3-юми сентябри соли 2023, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ҳусайнов Шоҳрух Ҳотамҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми харакат дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Истаравшан» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Отаҷонов Юсуфҷон Мамадҷонович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Ҷ.Расуловро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Отаҷонов Ю.М. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.