Эй сорбон, оҳиста рон...
31-уми декабри соли 2023, тахминан соати 01:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Алиев Дилшод Муъминҷонович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди кӯчаи С.Айнии шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Тайота-Камри”, ки таҳти идораи ронанда, Фозилов Фирдавс Олимҷонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Бохтар қарор дошта, аз самти давро-даври бозори “Ҳоҷишариф” ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Камри” ва мусофирони дохили он Аҳмадов Ҳусейн Тоҳирҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Бохтар, Одинаев Саидҷон Тоҷиддинович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд, инчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ” Алиев Д.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
31-уми декабри соли 2023, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, Азизов Фирӯзҷон Маҳмадназарович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат, дар роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Ҳасанов Бахтиёр, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Файзобод, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, Самадзода Акбарҷони Искандар, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Файзобод, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.