Раёсати бозрасии давлатии автомобилии
Вазорати корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани духтарбачаи ноболиғ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

28-уми августи соли 2023, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-200”, Баҳодурзода Сорбон Хуршед, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаркат дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Муҳиддинова Ситора Ҷурабоевна, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Муҳиддинова С.Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.