Раёсати бозрасии давлатии автомобилии
Вазорати корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду ронанда дар ҷойи ҳодисаҳои нақлиётӣ

4-уми январи соли 2024, тахминан соати 22:00, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Золи-Зарди ноҳияи Ҷ.Балхӣ ронандаи дучархаи “Скутер”, Бозоров Фармон Амонович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Қубодиён, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, аз уҳдаи идораи дучархааш набаромада, ба дохили канали обгузари деҳаи мазкур афтидааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Бозоров Ф.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофираш Эшонқулов Искандар Ҷалилович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Қубодиён, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

5-уми январи соли 2024, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Додоев Маъруфҷон Мамараҷабович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ чаппа шудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Додоев М.М., дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Исломзода Шӯҳратҷон Аҳмадӣ, соли таваллудаш 2002 ва Исмоилов Ҷамолиддин Исломович, соли таваллудаш 1990, сокинони шаҳри Истаравшан, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.