Раёсати бозрасии давлатии автомобилии
Вазорати корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду нафар бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ 

14

2-юми январи соли 2024, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ишев Икром Уралович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Ғайрати шаҳри Турсунзода, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Нуралиев Ҳайдарқул, соли таваллудаш 1952, сокини шаҳри Турсунзодаро зада пахш намудааст, ки номбурда ба замин афтидааст.

Дар ҳамин вақт боз автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Абдураҳмонов Тулқинҷон Ҳакимович, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри мазкур, ки ба ҳамин самт ҳаракат менамуд, пиёдагард Нуралиев Ҳайдарқулро пахш намуда, ба масофаи тахминан 4-5 метр  кашида мебарад. 

Дар натиҷа, пиёдагард Нуралиев Ҳ. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

2-юми январи соли 2024, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Мерива”, Нуралиев Юнус Бобохӯҷаевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Юсупов Фатҳиддин Мусоевич, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Левакантро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Юсупов Ф.М. ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.